Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ озмоишгоҳи муайянкунии молҳои таъиноташон дуҳадафа мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи муосири муайянкунии молҳои таъиноташон дуҳадафа мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, мақсади асосии фаъолияти озмоишгоҳ аз гузаронидани таҳлилҳои даққиқи лабораторӣ, ташхис, муайянсозӣ ва таснифоти илмию техникии молҳо, маводҳо, таҷҳизот ва технологияҳо иборат мебошад.
Озмоишгоҳ дорои таҷҳизоти замонавӣ ва стандарти ҷаҳонӣ буда, қисми асосии таҷҳизотро хроматографияи моеи баландсифат HPLC ва хроматографияи газӣ-масс-спектрометрӣ GC-MS ташкил медиҳанд. Ин дастгоҳҳо имкон медиҳанд, ки таркиби химиявии маводҳои мураккаб, ҳатто дар консентратсияи хеле паст, бо дақиқии баланд муайян карда шаванд. Озмоишгоҳ махсусан барои таҳлили маводҳои таъиноташон дуҳадафа, пайвастагиҳои органикии заҳрнок ва моддаҳои пешсаф пешбинӣ шудааст.
Зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳҳо ва методҳои озмоишгоҳ на танҳо дар соҳаи амният, балки дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва илм низ васеъ истифода мешаванд. Аз ҷумла, дар тиб ва фармасевтика барои муайян намудани таркиби доруҳо ва моддаҳои фаъол, дар мониторинги муҳити зист барои таҳлили таркиби ҳаво, об ва хок бо мақсади ошкор кардани ифлоскунандаҳо, дар саноати хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо барои назорати сифат ва бехатарии маҳсулот, инчунин дар саноати нафту газ барои таҳлили таркиби маҳсулоти нафтӣ ва газҳои табиӣ истифода бурда мешаванд.
Инчунин озмоишгоҳ минбаъд ба мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Хадамоти гумрук, Агентии «Тоҷикстандарт» дар қабули қарорҳои асоснок мусоидат менамояд. Хулосаҳои илмии озмоишгоҳ ҳангоми расмиёти воридот, содирот, транзит, нигоҳдорӣ ва истифодаи молҳои назоратшаванда заминаи боэътимод фароҳам меоранд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






