Дар Қазоқистон ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар шаҳраки Бурабойи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 82-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, инчунин аъзои Шуро — роҳбарони хадамоти гумруки Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия,Узбекистон ва намояндаи Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.
Директори Департаменти ҳамкории иқтисодии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Михаил Мискин зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷуҳ зоҳир намуда, инчунин оид ба таъсиси формати нави ҳамкории густурдаи «ИДМ плюс» ва додани мақоми нозир ба Созмони ҳамкории Шанхай дар назди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумот пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки ин иқдомҳо барои густариши ҳамкорӣ ва рушди муколама бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки ҳадафҳои муштарак доранд, заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар ҷараёни ҷаласа Ёддошти тафоҳум байни хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба содагардонии ҳамлу нақли транзитӣ ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин нуҳ масъалаи рӯзномаи ҷаласа баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Ба муносибати 35-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кормандони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар фаъолияти Шуро иштироки фаъолона дошта, дар рушди ҳамкории байналмилалии гумрукӣ саҳми арзанда гузоштаанд, нишонҳои сарисинагии Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақдим гардиданд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






