Дар Деҳкадаи сайёҳии ноҳияи Ховалинг 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.06.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанзода Деҳкадаи сайёҳӣ ба истифода дода шуд, ки дар он 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг хабар медиҳад.
Деҳкадаи сайёҳӣ, ки мавзеи навбунёди сайёҳӣ ва тамошою фароғат аст, 20 июни соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.
Деҳкадаи сайёҳӣ дар масоҳати беш аз 1 гектар бунёд гардида, дар қисми ҷанубу шарқии ноҳияи Ховалинг аз маркази ноҳия дар масофаи 9,5 километр ҷойгир мебошад. Иншоот дорои ошхонаи барҳаво бо 50 ҷойи нишаст дар як вақт, мавзеи гулханафрӯзӣ бо меъмории таърихӣ, ҷойҳои бозию дилхушӣ ва роҳраву гулгаштҳои назаррабо мебошад.
Деҳкадаи сайёҳӣ бо мақсади муаррифии тарзи ҳаёти суннатии мардуми тоҷик бунёд гардида, дар он намунаҳои беҳтарини меъмории миллӣ таҷассум ёфтаанд. Биноҳо ва иншооти деҳакада бо услуби анъанавӣ сохта шуда, шаклу намуди онҳо ба хонаҳои қадимаи тоҷикон шабоҳат доранд. Истифодаи унсурҳои миллӣ дар тарҳи биноҳо, айвонҳои кандакорӣ, деворҳои ороёфта ва муҳити зебои атроф ба ин мавзеъ ҳусну таровати хос бахшидааст.
Нақши Деҳкадаи сайёҳӣ дар ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Мавҷудияти чунин маҷмаа имкон медиҳад, ки меҳмонон на танҳо аз манзараҳои зебои табиати ноҳия баҳра баранд, балки бо фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон аз наздик шинос шаванд. Ин иқдом метавонад шумораи сайёҳонро афзоиш дода, ба рушди хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисоди маҳаллӣ мусоидат намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд






