Дар Фестивали байналмилалии гастрономӣ дар Беларус 20 намуди таоми миллии тоҷикон пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар Фестивали байналмилалии гастрономии «Дипломатия вкуса», ки бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус ташкил гардид, ба иштирокдорон таомҳои тоҷикиро пешниҳод намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, дар фестивал ҷониби Тоҷикистон дар баробари 16 намояндагии дипломатӣ, гӯшаи миллиро бо намоиши мероси ғании ошпазии мамлакат, ки дар он зиёда аз 20 навъи таом ва нӯшокиҳои миллӣ пешниҳод гардида буданд, ташкил намуд.
Ҷойгоҳи асосиро дар дастархон «Оши палав» — таоми миллие, ки рамзи фарҳанги тоҷикон буда, ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардидааст, ишғол намуд. Ҳамчунин самбӯсаҳои гуногун, таоми қадимаи қурутоб, дегкабоб, нонҳои гарм, манту, чак-чак, ҳалво ва чойи кабуди хушбӯй таваҷҷуҳи зиёди меҳмононро ба худ ҷалб намуданд.
Меҳмонони фестивал бо махсусиятҳои таомҳои миллии тоҷикон, таърих ва анъанаҳои онҳо шинос шуда, фазои дӯстӣ ва самимиятро эҳсос намуданд.
Иштирок дар фестивал имконияти муҳими таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, муаррифии анъанаҳои миллӣ ва тарғиби мероси ғании таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус













Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






