Дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид

Июнь 12, 2026 09:34

ДУШАНБЕ, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шуруъ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Кишоварзон мақсад гузоштаанд, ки аз ҳар гектар 600 то 800 сентнерӣ ҳосили пиёзро ба даст оранд. Дар заминҳои холишудаи хоҷагиҳои мазкур гузаронидани кишти такрорӣ бомаром идома дорад.

Ҷамоати деҳоти «Даҳана» дорои 1 ҳазору 977 гектар заминҳои корами обӣ буда, имсол деҳқонон дар майдони 892 гектар пахта, 125 гектар пиёз, 77 гектар картошка ва дар заминҳои боқимонда намуди дигари зироатро, ки ба иқлими минтақа хос мебошад, кишт намуданд.

Соли равон дар тамоми кооперативҳои тиҷоратӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ин ҷамоат мувофиқи нақшаи дурнамо кишти навъҳои гуногуни зироат ва сабзавот гузаронида шуд, ки нашъунамои хуб доранд.

Инчунин дар шаҳр бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дурнамои кишти зироати кишоварзӣ, самаранок истифодабарии замин ва гирифтани ду се ҳосил барои таъмини сабади истеъмолии мардум корҳои назаррас идома дорад.

Ҳамзамон дар Ҷамоати деҳоти «Даҳана» ба ҷамъоварии ғалладонагиҳо шуруъ намуданд. Бо ҷалби комбайнҳо дар майдони ғаллазор ҷамъоварии ҷаву гандум ва захираи хӯроки чорво идома дорад.

Ҳамчунин дар хоҷагии деҳқонии ба номи «Сафар Амиршоев», ки дорои 28 гектар замин мебошад, дар майдони 23 гектари он пунбадона кишт карда шуд. Деҳқонон дар майдонҳои боқимонда картошка, ғалладонагӣ ва дигар намуди сабзавот коридаанд.

Заминҳои хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор» низ самаранок истифода бурда мешаванд. Саҳмдорони ин хоҷагӣ дастаҷамъона ба саҳро баромада, корҳои агротехникиро дар майдони пахтазор ба анҷом расониданд. Деҳқонон дар майдони 13,5 гектар, ки дар ихтиёр доранд дар 10 гектар пахта ва дар 3,5 гектари дигар пиёзи барвақтӣ, ғалладонагӣ ва сабзавот кишт намудаанд.

Барои беҳтар шудани сабзиши зироат мутахассисон ба хоҷагидорон тавсияҳои муфид доданд. Ҳамзамон, дарави дуюми юнучқа ва ҷамъоварии хӯроки чорво бо ҷалби техникаҳои соҳавӣ муташакилона ба роҳ монда шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Июнь 12, 2026 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид