Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо намояндагони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти институт бо сардори бахши Департаменти техникӣ дар Аврупои Агентии байналмилалии энергияи атомӣ хонум Сандра Мария масъалаҳои ҳамкории илмӣ-техникӣ, татбиқи технологияҳои муосир дар самти идоракунии захираҳои об, омӯзиши муҳити зист ва истифодаи усулҳои изотопӣ дар таҳқиқоти илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо оид ба имкониятҳои густариши ҳамкории муштарак дар доираи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисон, ҷалби олимони ҷавон ба барномаҳои байналмилалӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.
Намояндагони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ бо самтҳои асосии фаъолияти институт, дастовардҳои илмӣ ва иқтидори илмии муҳаққиқони тоҷик шинос шуда, омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкории судманд иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи илм ва технология барои ҳалли масъалаҳои мубрами вобаста ба захираҳои об, тағйирёбии иқлим, гидроэнергетика ва ҳифзи муҳити зист аҳамияти муҳим дошта, ба рушди устувори ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
АКС: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






