Дар Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи байналмилалии омӯзишӣ идома дорад

Июнь 25, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон давраи байналмилалии омӯзишии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) барои коршиносон дар мавзуи «Таъсис ва мустаҳкамгардонии маркази миллии амнияти ҳастаӣ» идома дорад.

Тавре аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, омӯзиш 22 июн оғоз гардида, то 26 июни соли равон идома меёбад. Ин чорабинӣ ба таҳкими иқтидори миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаи амнияти ҳастаӣ, рушди низоми омодасозии мутахассисон, такмили дастгирии илмию техникӣ, инчунин ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ равона гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи давраи омӯзишӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода, намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ, коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии давраи омӯзишӣ омода намудани мутахассисоне мебошад, ки метавонанд ба таъсис, рушд ва фаъолияти устувори марказҳои миллии амнияти ҳастаӣ мусоидат намоянд. Дар таҷрибаи байналмилалӣ чунин марказҳо ҳамчун унсури муҳими низоми миллии амнияти ҳастаӣ баррасӣ шуда, омӯзиш, кӯмакҳои техникӣ, роҳнамоии илмию методӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва ҳамоҳангсозии байниидоравиро дар як низоми ягона муттаҳид месозанд.

Дар давоми ҳафтаи омӯзишӣ иштирокчиён масъалаҳои нигоҳдории устувори низоми миллии амнияти ҳастаӣ, вазифаҳои асосии Маркази миллии амнияти ҳастаӣ, интихоби модели институтсионалӣ, арзёбии захираҳо, таҳлили камбудиҳо, механизмҳои ҳамоҳангсозӣ, банақшагирии стратегӣ, рушди озмоишгоҳҳо, хариди таҷҳизотҳои озмоишӣ, баҳодиҳии барномаҳо ва нишондиҳандаҳои самаранокиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба машғулиятҳои амалӣ, таҳлили ҳолатҳои омӯзишӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дар доираи давраи омӯзишӣ таҷрибаи муассисаҳо ва коршиносони кишварҳои гуногун муаррифӣ гардида, ба иштирокчиён имконият медиҳад, ки моделҳои миллиро муқоиса намоянд, роҳҳои самараноки фаъолиятро муайян созанд ва таҷрибаи пешқадамро ба шароити миллии худ мутобиқ гардонанд.

Инчунин, дар доираи чорабинӣ таҷрибаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба рақамикунонии равандҳои танзимкунанда, аз ҷумла тартиб ва талаботи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозатнома тавассути платформаи E-License, муаррифӣ гардид.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои чорабинии мазкур саҳми муҳим дар рушди минбаъдаи зерсохтори илмию техникӣ ва омӯзишӣ, баланд бардоштани нақши Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази миллӣ ва минтақавӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ таъсир хоҳад гузошт.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 25, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд