Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад

Июнь 8, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 08.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-и деҳаи Хумгарони деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Ба ғайр аз синфхонаҳои иловагӣ, инчунин утоқи кории омӯзгорон сохта шуда, барои таъмири бинои асосии таълимгоҳ, насби хати гармидиҳӣ аз ҷониби корхонаи муштараки «Зарафшон» як миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Тибқи нақшаи пудратчии сохтмон – ширкати бинокории «Оби Зам – зам», бунёди синфхонаҳои нав ва таъмири бинои асосии таълимгоҳ то оғози соли нави таҳсил ба анҷом расонида мешавад.

Баъди ба истифода додани синфохонаҳои наву барҳаво дар соли нави таҳсил 200 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Ҳамчунин аз ҷониби ин корхонаи саноати кӯҳӣ барои идомаи сохтмони кӯдакистон барои 200 ҷой, ки дар деҳаи Нови чомоқи деҳоти Косатарош аз ҷониби вакили Маҷлиси шаҳрӣ, соҳибкор Нарзулло Раҷабов бунёд карда мешавад, 300 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Июнь 8, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд