ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Хонандаи сол» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и озмуни «Хонандаи сол», ки дар Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 5 нафар иштирок намуданд.
Довталабон аз фанҳои забони тоҷикӣ, забону адабиёти рус, физикаю математика кори хаттӣ ва аз фанҳои адабиёти тоҷик, биология, география, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, таърих, химия ва ҳуқуқ санҷиши тестӣ супориданд. Инчунин аз ҷониби ҳайати доварон ҳисоботи эҷодии онҳо шунида шуд.
Озмун бо мақсади дарёфт намудани хонандагони фаъолу эҷодкор, ташаббускор, навовар, муайян ва дастгирӣ намудани онҳое, ки аз навигариҳои илму техникаи муосир огоҳӣ дошта, дар ин самт ба муваффақият ноил гаштаанд, инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш, қобилияти фикрронӣ, маҳорату малакаҳои зеҳнӣ ва ҳозирҷавобии хонандагон доир гардид.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






