«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ,10.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, созмонҳои динӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Нотиқон оид ба масъалаҳои муҳими таҳкими арзишҳои миллӣ, озодиҳои виҷдон ва нақши истиқлолият дар рушди ҷомеа, ҳифзу эҳёи анъанаҳои миллӣ ва таҳкими ҳамзистии осоишта дар ҷомеаи муосир ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки ҳадафи асосии конфронс баррасии дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар самти таъмини озодии виҷдон ва эътиқод, рушди қонунгузории миллӣ, ҳифзу эҳёи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, танзими ҷашну маросим, таҳкими ваҳдати миллӣ ва нақши сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҷомеаи муосир мебошад.
Дар конфронс олимону коршиносон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ доир ба масъалаҳои муҳими рушди давлатдории миллӣ, нақши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, таъмини озодиҳои эътиқодӣ, такмили қонунгузории миллӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, аҳамияти иҷтимоиву иқтисодии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин нақши воситаҳои ахбори омма дар тарғиби фарҳанги сарфаю сариштакорӣ ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки натиҷаҳои конфронс барои таҳкими заминаҳои илмӣ ва амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ, густариши ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва давлатӣ нақши муҳим мегузорад.
АКС: Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






