Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор нақшаи истеҳсоли пилларо сад фоиз иҷро намуданд
ҲИСОР, 12.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони шаҳри Ҳисор 10 ҳазору 400 килограмм пилла истеҳсол намуданд, ки баробар ба 100 фоизи нақшаи пешбинигардида мебошад. Дар ин хусус намояндаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар шаҳри Ҳисор Азимҷон Мирзоазизов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар шаҳри Ҳисор 400 қуттии кирмак ба 174 хоҷагии кирмакпарвари ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр тақсим гардид. Хоҷагиҳо сари вақт нақшаи истеҳсоли пилларо иҷро намуданд.
Соли равон Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» дар шаҳри Ҳисор аз кирмакпарварон як килограмм пиллаи омехтаи истеҳсолшударо ба маблағи 20 сомонӣ харидорӣ намуд, ки аз ин онҳо фоидаи хуб ба даст оварданд.
Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор 98 ҳазору 382 бех дарахти калони тути қаторӣ ва 157 гектар тутзор мавҷуд аст. Инчунин дар доираи рушди пиллапарварӣ дар шаҳри Ҳисор соли 2025-2026 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр 10 гектар тутзор бунёд карда шуд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла чун заминаи воқеӣ барои тавсеаи саноати сабук дар мамлакат эътибори ҷиддӣ медиҳад. Бо ин мақсад «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2020-2024» мавриди амал қарор дорад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






