Муовини Сарвазир бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавии минтақаи Рашт шинос шуд

Июнь 12, 2026 13:46

ЛАХШ, 12.06.2026 /АМИТ«Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ноҳияҳои минтақаи Рашт шинос шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни шиносоии Сулаймон Зиёзода бо хоҷагиҳои ҷамоавии ноҳияи Лахш иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва пурра гардонидани сабади истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ соли равон дурнамои кишти картошка дар хоҷагиҳои дехқонӣ ва ҷамоавӣ 3320 гектар пешбинӣ шуда, нақша пурра иҷро карда шуд. Инчунин пойгоҳҳои обкашӣ ва каналҳои ноҳия барои мавсими обёрии зироати кишоварзӣ пурра омода мебошанд.

Ҳайати корӣ дар ноҳияи Нуробод аз майдони кишти картошкаи деҳаи Сариқоши Ҷамоати деҳоти Хумдон ва майдони кишти картошка дар ҳудуди заминҳои собиқ фурудгоҳи ноҳия шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони ноҳияи Нуробод бо истифодаи самараноки замин ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифат ноил гардида истодаанд. Дар заминҳои собиқ фурудгоҳи ноҳия маротибаи аввал кишти картошка ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом дар доираи истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида амалӣ гардида, ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти чоҳи амудии деҳаи Сариқош шинос шуд. Ин чоҳ бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, имрӯзҳо зиёда аз 30 гектар заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин мегарданд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ зимни суҳбат бо кишоварзон иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун бахши муҳими иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.

Ба масъулини соҳа ва деҳқонон барои вусъат бахшидани риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки заминҳои корами наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, коркарди боғҳо, сари вақт истифода намудани заҳрхимикатҳо, таъмини оби полезӣ, тоза намудани каналҳою истифодаи дурусти пойгоҳҳои обкашӣ, сари вақт иҷро намудани дурнамои кишти картошка ва дигар зироати кишоварзӣ дастур дода шуд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт

Июнь 12, 2026 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд