Оид ба нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Июнь 25, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик» конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Дар конференсия олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмиву эҷодӣ, хизматҳои шоиста ва саҳми назарраси Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илму фарҳанги тоҷик сухан намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки ҳаёт ва фаъолияти Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷӯрабек Назрӣ намунаи равшани ҳамгироии илм, фарҳанг ва ҳунар буда, дар таърихи навини Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Ҷӯрабек Назрӣ аз ҷумлаи он шахсиятҳое мебошад, ки тавонист дар як вақт ҳамчун донишманд, муҳаққиқ, роҳбар, овозхон ва арбоби фарҳангӣ шуҳрат пайдо кунад. Ӯ тамоми умри худро ба омӯзиш ва тарғиби мероси адабӣ ва фарҳангии халқи тоҷик бахшидааст.

Таъкид гардид, ки самтҳои асосии пажуҳишҳои илмии Ҷӯрабек Назрӣ таърихи адабиёти тоҷику форс, шарқшиносӣ, матншиносӣ, нусхашиносӣ, маъхазшиносӣ ва робитаҳои адабӣ-фарҳангии халқҳои минтақа буданд. Яке аз хизматҳои бузурги Ҷӯрабек Назрӣ таҳқиқ ва эҳёи мероси хаттии тоҷикон мебошад. Ӯ дар омӯзиши осори классикии адабиёти тоҷику форс саҳми арзанда гузошта, бо таҳқиқоти худ саҳифаҳои муҳими таърихи адабиётро равшан намудааст.

Дар ҷамъомад муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар иброз дошт, ки осори илмӣ ва адабии Ҷӯрабек Назрӣ бо муҳтавои амиқи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ барои насли имрӯз ва оянда ҳамчун мактаби омӯзишу ибрат хизмат хоҳад намуд.

Осори Ҷӯрабек Назрӣ имрӯз низ аз ҷониби муҳаққиқон, донишҷӯён ва ҳаводорони адабиёту фарҳанг мавриди омӯзиш қарор дошта, нигоҳдорӣ, муаррифӣ ва дастрас намудани ин мероси гаронбаҳо барои ҷомеаи илмӣ ва фарҳангӣ аз вазифаҳои муҳим ба шумор меравад.

Дар фарҷоми чорабинӣ бо иштироки ҳунармандон барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 25, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид