Роҳи маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе навсозӣ ва мумфарш карда мешавад

Июнь 26, 2026 12:02

ДУШАНБЕ, 26.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 10 километр роҳи ҷумҳуриявӣ, аз маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе навсозӣ ва мумфарш карда мешавад. Дар ин хусус сармуҳандиси Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Маҳмуд Назарзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Маҳмуд Назарзода гуфт, ки пурра мумфарш гардидани роҳ ба кам гардидани тамбашавии роҳҳои протоколии маркази шаҳри Душанбе мусоидат менамояд. Ҳамчунин ин роҳ ҳаракати мошинҳои боркашро ба самти ноҳияҳои минтақаи Рашту вилояти Халтлон ва шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Роғун ва Файзобод таъмин менамояд.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шомансур ва соҳибкорони бонангу номуси ноҳия мумфаршкунию навсозии роҳи ҷумҳуриявӣ, аз маҳаллаи Гулистон то кӯчаи Абдулаҳад Қаҳоров идома дорад. То имрӯз 6 километр роҳ мумфарш карда шуда, дар 4 километри дигар корҳои навсозию мумфаршкунӣ идома дорад.

Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур давоми 5 моҳи соли равон роҳҳои ҳудуди ноҳияро дар масоҳати 31 ҳазор метри квадратӣ мумфарш намудааст.

Имрӯзҳо бо эълон гардидани Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (соли 2026) аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша мумфаркунии роҳҳои дохили кӯчаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома доранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Июнь 26, 2026 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд