Шумораи нахустини нашрияи «Набзи омор»-и Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба табъ расид

Июнь 24, 2026 18:20

ДУШАНБЕ, 24.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ шумораи нахустини нашрияи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат» бо номи «Набзи омор» аз чоп баромад.

Тавре аз Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат хабар доданд, ҳадафи асосии таъсиси нашрия инъикос ва муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, бозтоби фаъолияти гуногунҷанбаи муассисаи таълимӣ, нашри мақолаҳои омӯзгорону донишҷӯён, баланд бардоштани завқи эҷодӣ, таҳкими маърифати касбӣ, рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва огоҳ намудани ҷомеа аз фаъолияти муассиса мебошад.

Таъкид гардид, ки нашрияи «Набзи омор» ҳамчун минбари созандаи андеша, маърифат, дониш ва эҷодиёти омӯзгорону донишҷӯён хизмат хоҳад кард. Тавассути ин минбар донишҷӯён имкон пайдо мекунанд, ки андешаҳои худро баён намуда, мақолаҳои илмӣ-оммавӣ, хабару гузоришҳо, маводи таҳлилӣ ва эҷодии худро нашр намоянд ва маҳорати навиштану таҳқиқоти илмии худро такмил диҳанд.

Ба андешаи масъулин, нашрияи мазкур дар оянда на танҳо бозгӯкунандаи фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии коллеҷ, балки равзанаи муаррифии истеъдодҳои ҷавон, ташаббусҳои созанда ва дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён хоҳад шуд.

АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат»

Июнь 24, 2026 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд