ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 июн, ҷумъа, 177-умин рӯзи соли 2026 аст
26 июни соли 2025 дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба истифода додани як зумра иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияҳои Ванҷу Даврвоз ва Рӯшону Роштқалъа ба маркази вилоят — шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боғи фарҳангию фароғатии Шоҳдараро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
***
26 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо 100 нафар ятиму шахсони дорои имконияти маҳдуди то 18-солаи ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалаъа суҳбати самимӣ анҷом доданд.
***
26 июни соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.
***
26 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафтанд.
***
26 июни соли 2014 дар Малайзия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии «Протон» дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мулоқот ва оид ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.
26 ИЮН:
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир.
***
Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа.
***
Дар Беларус ва Туркманистон— Рӯзи кормандони прокуратура.
***
Дар Озарбойҷон — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ
***
Дар Руминия – Рӯзи Парчами миллӣ
РӮЙДОДҲО:
26 июни соли 2009 хатти аввали фабрикаи ғанигардонии маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин» ба истифода дода шуд.
***
26 июни соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк дар синни 85 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузашт.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе аввалин Ҷашнвораи байналмилалии асбобҳои мусиқии «Навои арғунун» баргузор гардид.
***
26 июни соли 2014 байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
26 июни соли 1982 Лигаи миллии футболи Амрико кокаинро таҳдидкунандаи асосии варзиш номид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи «Ню-Йорк Дейли Нюс» ба нашр расид.
***
Соли 1976 дар шаҳри Торонтои Канада баландтарин бино дар ҷаҳон — Бурҷи миллии Канада (Canadian National Tower) бо баландии 553 метру 34 см сохта шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 июн, панҷшанбе, 176-умин рӯзи соли 2026 аст
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






