ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 июн, ҷумъа, 156-умин рӯзи соли 2026 аст

Июнь 5, 2026 08:00

5 июни соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.

***

5 июни соли 2025 суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 байни  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия  Милош Земан ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

***

5 июни соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

5 июни соли 2012 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду ҷумҳурӣ ба таври муфассал баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмони якчанд муассисаи соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, аз ҷумла мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст дар кӯчаи Дӯстии халқҳо ва Муассисаи томактабӣ барои 600 кӯдак, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш аз наздик шинос шуданд.

***

5 июни соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба шаҳри Атамуроди Туркманистон сафар карданд.

***

5 июни соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷао Ган мулоқот намуданд.

***

5 июни соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро ба ҳузур пазируфтанд.

5 ИЮН:

 Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист.

***

Дар Руминия — Рӯзи омӯзгор

***

Дар Дания — Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

Дар ин рӯзи соли 2013 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ»-ро ҷонибдорӣ намуд.

***

 5 июни  соли 2021  Муассисаи давлатии «Ансамбли тарона ва рақси Сомон» дар Боғи «Устод Рӯдакӣ», бахши фарҳангии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар Боғи «Ирам», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор дар Боғи «Кӯли ҷавонон», шаҳри Хоруғ дар Боғи «Абулқосим Фирдавсӣ» ва Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар «Майдони 800- солагии Москва» барномаи фарҳангиро манзури сокинону меҳмонони пойтахт  гардонданд.

***

 5 июни соли 2013 доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардиданд.

***

5 июни соли 1961 Ҳафтаи адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон оғоз гардид.

***

5 июни соли 1849 дар Дания парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд.

***

5 июни соли 1940 дар Канада фаъолияти 16 созмон, аз ҷумла, созмонҳои фашистӣ ва коммунистӣ қатъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1992 байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Норвегия муносиботи дипломатӣ баста шуданд.

***

5 июни соли 1993 дар Москва Ассамблеяи конститутсионӣ ба фаъолият оғоз намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1940 дар Амрико аввалин чархҳои синтетикӣ-резинӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Июнь 5, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш