Ташаббуси оламшумули Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ҷонибдорӣ ёфт

Июнь 28, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» боз як пирӯзии таърихии дипломатияи пешгирикунанда ва сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар шароити мураккаб ва ноороми муносибатҳои байналмилалии муосир, ки ҷаҳонро мавҷи низоъҳо ва таҳдидҳои нав фаро гирифтааст, ин ташаббуси оламшумул нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо як давлати соҳибистиқлол, балки меъмори фаъоли сулҳу субот дар сатҳи глобалӣ эътироф шудааст.

25 июни соли 2026 дар таърихи дипломатияи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз як саҳифаи заррин сабт гардид. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» (барои солҳои 2027–2036), ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, бо якдилона қабул намуд. Ин рӯйдоди бузург маҳз дар арафаи Рӯзи муқаддаси Ваҳдати миллии Тоҷикистон сурат гирифт, ки рамзи ниҳояти сулҳпарварӣ ва рисолати таърихии халқи тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ инъикос менамояд.

Бо ҷонибдории 153 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз нишони возеҳи эҳтироми хоса ва эътимоди баланди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи хориҷии давлати мо мебошад. Тоҷикистон, ки худ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фоҷиаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кард, бо саъю кӯшиши фавқулодаи Сарвари давлат ба сулҳу ваҳдати пойдор расид, имрӯз таҷрибаи нодири сулҳофаринии худро ба як модели ҷаҳонӣ табдил додааст. «Формулаи сулҳи тоҷикон» акнун на танҳо як дастоварди дохилӣ, балки заминаи ташаббуси нав ва фарогире гардид, ки ҳадафаш наҷоти башарият ва наслҳои оянда аз офатҳои ҷангу низоъҳо мебошад.

Дар нимаи аввали даҳсолаи сеюми асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ бо буҳронҳои амиқи сиёсӣ, низоъҳои мусаллаҳонаи минтақавӣ ва шиддат гирифтани рақобати геополитикӣ рӯбарӯ аст. Бино ба гузоришҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид, шумораи низоъҳои мусаллаҳона ва устувории хатарҳои амниятӣ дар ҷаҳон ба ҳадди ниҳоӣ расида, боиси коҳиши маблағгузориҳои башардӯстона ва халалдор шудани рушди устувор гардидааст. Дар чунин шароити пур аз зиддиятҳо ва ҳассос, ки эътимод байни абарқудратҳо коҳиш ёфтааст, ҷомеаи байналмилалӣ беш аз ҳар вақти дигар ба як палатформаи нав ва муколамаи созанда ниёз дошт.

Маҳз дар ҳамин давраи ҳаётан муҳим, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо дарки амиқи масъулият дар назди таърих ва ояндаи инсоният, пешниҳоди эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ»-ро ба миён гузоштанд. Фалсафаи сиёсии ин ташаббус дар он нуҳуфта аст, ки сулҳ набояд танҳо ҳамчун набудани ҷанг ё уҳдадории муваққатии насли имрӯз арзёбӣ шавад. Сулҳ пойдевори асосии ҳастии башарият ва мероси гаронбаҳоест, ки бояд устувор карда шуда, ба наслҳои оянда ба таври комил ва амн интиқол дода шавад.

Муҳимияти қатънома дар он аст, ки он ба ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла уҳдадории ҳалли баҳсҳо ва наҷоти наслҳои фардо аз даҳшатҳои ҷанг, ҷони тоза мебахшад. Тоҷикистон бо ин иқдом собит намуд, ки мамлакатҳои хурд низ метавонанд бо пешниҳоди ғояҳои бузурги инсондӯстона дар ташаккули сиёсати глобалӣ ва таъмини амнияти сайёра нақши калидӣ бозанд.

Яке аз хусусиятҳои фарқкунанда ва ҷолиби қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» он аст, ки дар маркази таваҷҷуҳи он инсон ва занҷираи пайвастаи байни наслҳо қарор дорад. Тибқи матни ҳуҷҷат, давлатҳои узв уҳдадор шудаанд, ки дар равандҳои қабули қарорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ниёзҳо, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои кӯдакон, ҷавонон ва наслҳои ояндаро ба таври қатъӣ ба назар гиранд.

Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи хос ба ояндасозон кафолат медиҳад, ки дар даҳсолаҳои баъдӣ фарҳанги зӯроварӣ ҷойи худро ба фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ диҳад. Роҳбарияти Тоҷикистон бо такя ба сиёсати дохилии худ, ки ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа медонад, ин моделро ба сатҳи байналмилалӣ бароварданд.

Қабули ин қатънома мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як давлати ташаббускор ва пешсаф дар низоми глобалии Созмони Милали Муттаҳид боз ҳам мустаҳкамтар намуд. Имрӯз ҷаҳон Тоҷикистонро на танҳо бо ташаббусҳои бузургаш дар соҳаи об ва климатология (ба монанди «Даҳсолаи амал: Об барои рушди устувор» ва эълон шудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»), балки ҳамчун маркази тавлиди ғояҳои сулҳхоҳӣ мешиносад.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як барномаи мукаммал ва фарогирро барои ояндаи сайёра пешниҳод мекунад. Мо нишон додем, ки таҷрибаи миллӣ дар ҳалли масъалаҳои марзӣ ва расидан ба оштии миллӣ (ки дар қатънома низ аз таҷрибаҳои мусбати Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон истиқбол шудааст) метавонад ҳамчун манбаи илҳом ва роҳнамо барои дигар давлатҳо хизмат кунад.

Эълон гардидани солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ маънои онро дорад, ки дар давоми даҳ соли оянда Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти худро дар атрофи ин меҳвар ҳамоҳанг хоҳанд намуд.

Барои давлати мо ин имконияти беназир аст, то дар даҳсолаи оянда ба маркази баргузории чорабиниҳо ва форумҳои бузурги сулҳхоҳии ҷаҳонӣ табдил ёбад ва бренди сиёсии худро дар сатҳи олиянд устувор созад.

Сулҳ барои халқи тоҷик танҳо як калима ё мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши муқаддас ва кафили зиндагии шоиста аст. Паёми Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути ин қатънома равшан ва қатъӣ аст: мо бояд имрӯз муттаҳид шавем, муколамаро пеш барем ва ҷаҳонеро бунёд кунем, ки дар он наслҳои оянда на аз тарси ҷангу низоъҳо, балки дар фазои сулҳ, адолат ва ҳамкорӣ умр ба сар баранд. Ин иқдоми бузург мероси таърихии насли имрӯзи тоҷикон барои ояндаи дурахшони тамоми башарият хоҳад буд.

Исломиддин РАҲМОН,
Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 28, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» – ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ
Ваҳдат – роҳе, ки сулҳу ободиро дар Тоҷикистон таъмин намуд
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
БУНЁДИ ШОҲРОҲҲО. Дар ин раванд якпорчагии Тоҷикистон ва ваҳдати воқеии мардум ба вуҷуд омад
РИСОЛАТИ ҶАҲОНИИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Ваҳдати миллӣ ҳамчун модели мукаммали сиёсию идеологӣ моҳияти ҳувияти миллии моро ташкил дод
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб: «Фарҳанги сулҳ пурарзиштарин неъмат ва беҳтарин дастоварди халқи тоҷик мебошад»
Қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда рӯйдоди воқеан таърихӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад
Қабули пешниҳоди навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ рӯйдоди муҳимми фараҳбахш мебошад
Дар Донишгоҳи миллӣ аз саҳми намоёни Тоҷикистон дар густариши сулҳи ҷаҳонӣ ёдовар шуданд