20 олим аз Тоҷикистон узви пайваста ва вобастаи Академияи илмҳои Осиё интихоб шуданд
ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмӣ ва ташкилоти 12 мамлакати хориҷӣ 27 санади ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин хусус 15 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
27 санади ҳамкорӣ аз 5 созишномаи ҳамкорӣ, 5 шартномаи ҳамкорӣ ва 17 ёддошти тафоҳум иборат мебошанд.
Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки ҳамчунин 18 санади дигари ҳамкорӣ дар марҳилаи баррасӣ ва омодагӣ ба имзо қарор доранд. Яке аз дастовардҳои муҳими давраи ҳисоботӣ интихоб гардидани 20 олими Тоҷикистон ба ҳайси узви пайваста ва вобастаи Академияи илмҳои Осиё мебошад, ки ҳамчун дастоварди илмии олимони ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ эътироф мегардад.
Гуфта шуд, ки дар ин давра 142 олим ва коршиноси хориҷӣ ба Академияи миллии илмҳо барои иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, таҳқиқоти муштарак ва табодули таҷриба даъват шуда, 113 корманди академия барои иштирок дар конференсияҳо, машваратҳо, форумҳо, таҳқиқоти муштарак ва коромӯзӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ сафар намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






