Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 июл дар пойтахти мамлакат зимни вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода бо ҳайати шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин густариши ҳамкории шаҳрҳои Душанбе ва Чонгчин мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Мусоҳибон зимни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ, саноат, бунёди шаҳрсозӣ ва «шаҳрҳои ҳушманд», маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Чонгчин дар моҳи майи соли 2026 сухан гуфта шуд.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид






