Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо ташаббуси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар ду шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе, ки беш аз ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонида шудаанд, маъракаи васеи обдиҳӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бо истифода аз мошинҳои махсуси обкашонӣ ва дигар техникаҳои зарурӣ ба беш аз ҳазор бех ниҳолону дарахтон об дода шуда, ҳамзамон ҳолати нашъунамо ва сабзиши онҳо мавриди санҷиш қарор гирифт. Масъулин ба нигоҳубини минбаъдаи дарахтон, аз ҷумла обёрии саривақтӣ, нарм намудани гирди поя ва муҳофизати онҳо аз таъсири гармои шадид таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Иброз гардид, ки чунин иқдоми нек дар баробари нигоҳ доштани сарсабзии канори роҳҳои мошингард ба беҳтар гардидани муҳити зист, тозагии ҳаво, коҳиши таъсири ҳарорати баланд ва зебою обод шудани муҳити атроф мусоидати назаррас менамояд.
Нинонидани дарахт танҳо оғози кор буда, нигоҳубини дурусти пайваста омили асосии ба дарахти солиму пурқувват табдил ёфтани ҳар ниҳол мебошад. Аз ин рӯ, дар фасли гармо обёрии мунтазам яке аз шартҳои муҳими нигоҳдории захираи сабзи мамлакат ба ҳисоб меравад.
Роҳбарияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ба нақша гирифтаанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони вилоят маъракаҳои обдиҳӣ, нигоҳубини дарахтон ва дигар иқдоми экологиро пайваста гузаронида, барои ҳифзу нигоҳдории сарвати сабзи мамлакат тадбирҳои муассир андешанд.
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзҳои гарму сӯзони тобистон нигоҳубини ниҳолону дарахтон ва обмонӣ ба онҳо яке аз муҳимтарин тадбирҳои экологӣ маҳсуб мешавад. Обёрии саривақтӣ, нарм намудани гирди поя ва нигоҳубини мунтазам барои нашъунамои солими дарахтон, нигоҳ доштани сарсабзӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ аҳамияти калон дорад.








«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед






