Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ доир мешавад

Июль 23, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 23.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи декабри соли равон ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва 100-солагии Анҷумани якуми муассисони умумитоҷикии шуроҳо бо ташаббуси Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Нусратулло Махсум ва Анҷумани якуми муассисони умумитоҷикии шуроҳо» конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор мешавад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ хабар медиҳад, дар конференсия саҳми Нусратулло Махсум дар таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, эътирофи умумихалқии Нусратулло Махсум дар замони истиқлол, рисолати таърихии Пешвои миллат нисбат ба абадигардонии номи Нусратулло Махсум, қадамҳои нахустини Нусратулло Махсум дар сиёсат, нақши роҳбарикунандаи Нусратулло Махсум дар сохторҳои давлатӣ, ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Инчунин масъалаҳои оид ба тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна ва натиҷаҳои он, аҳамияти тақдирсози Анҷумани якуми муассисони умумитоҷикии шуроҳо барои халқи тоҷик, озодии занон, қабули Конститутсияи соли 1929 ва такмили он дар соли 1931, нақши Нусратулло Махсум дар бозгардонидани аҳолӣ аз Афғонистон, саҳми Нусратулло Махсум дар фатҳи водии Вахш ва ғайра муҳокима мегарданд.

Нусратулло Махсум яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шуравӣ, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, нахустин роҳбари Тоҷикистон буда, соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии собиқ бекигарии Қаротегин таваллуд ёфтааст.

27 июни соли 2006 хизматҳои арзандаи ин фарзанди баруманди миллати тоҷик қадр гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

19 майи соли равон бо иқдоми беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки оромгоҳи Нусратулло Махсум аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд