Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар асоси иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» гурӯҳи аввалини зиндониён — 2 ҳазору 979 нафар ба озодӣ баромаданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки озодшудагон аз зиндонҳои шаҳри Норак, Ваҳдат, ноҳияи Ёвон ва Дӯстӣ мебошанд. Аз шумораи озодшудагон 297 нафари онҳоро занон ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд.
Қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд.
Қонуни авф ба 18 ҳазору 38 нафар маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11 ҳазору 305 нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 нафар кам карда мешавад.
Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад.
Қонун марҳила ба марҳила тадбиқ мегардад.
АКС аз бойгонӣ








ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд






