Дар ҳавзаи дарёи Сир корҳои саҳроӣ ва экспедитсионӣ анҷом дода шуданд

Июль 29, 2026 16:10

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ҳавзаи дарёи Сир корҳои саҳроӣ ва экспедитсионӣ анҷом доданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ҳадафи асосии экспедитсия омӯзиши вазъи экологӣ ва арзёбии сифати оби дарёи Сир тавассути ҷамъоварии намунаҳо ва гузаронидани таҳлилҳои илмӣ мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқот ба арзёбии ҳолати муҳити зист, идоракунии устувори захираҳои об ва пешниҳоди тавсияҳои илмӣ барои ҳифзи экосистемаҳои обӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Ҳамзамон дар вилояти Суғд кормандони институт бо намояндагони корхонаҳои марбута вохӯриҳои судманд анҷом дода, масъалаҳои бурдани таҳқиқоти муштарак оид ба таҳлили сифати обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои чоҳҳои амудиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ин тадбирҳо барои таҳкими ҳамкории илмӣ ва институтсионалӣ, инчунин рушди корҳои муштараки таҳқиқотӣ дар самти мониторинг ва ҳифзи захираҳои оби Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меоранд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 29, 2026 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд