Дар Душанбе густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти амнияти биологӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти амнияти биологӣ ва ҳифзи биологӣ дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо муовини роҳбари Шуъбаи дастгирии татбиқи Конвенсия оид ба манъи силоҳи биологӣ (BWC ISU)-и Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои халъи силоҳ (UNODA) доктор Ҳерман Алекс Лампалзер ва доктор Мариана Улиничи баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими иқтидори илмӣ ва кадрӣ, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар доираи татбиқи муқаррароти Конвенсия оид ба манъи силоҳи биологиро муҳокима намуданд. Ҳамзамон ба имкониятҳои ташкили машғулиятҳои омӯзишӣ, таҷрибаомӯзиҳои кӯтоҳмуддати мутахассисон дар озмоишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ, татбиқи ташаббусҳои муштараки илмӣ ва таълимӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар самти ташхиси лабораторӣ, мониторинги эпидемиологӣ ва такмили низоми таъмини амнияти биологӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд






