Дар Душанбе масоили таҳкими низоми миллии амнияти ҳастаӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 июн дар Душанбе мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо коршиносони Агентии байналмилалии неруи атомӣ баргузор шуд, ки дар он ҷонибҳо масоили таҳкими низоми миллии амнияти ҳастаиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои баланд бардоштани омодагии сохторҳои дахлдор ҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавӣ, рушди ҳамкории техникӣ ва истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои радиатсионӣ ва ҳастаӣ баррасӣ шуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъкид намуд, ки таъмини амнияти ҳастаӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмӣ, техникӣ ва танзимгарии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон ба рушди ҳамкории созанда бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ аҳамияти хос медиҳад. Баргузории чунин миссияҳо барои такмили иқтидори миллӣ, таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва омодасозии тавсияҳои амалӣ барои ҳифзи аҳолӣ, инфрасохтор ва муҳити зист аҳамияти муҳим дорад.
Коршиносони Агентии байналмилалии неруи атомӣ омодагии худро барои идомаи дастгирии техникӣ, мубодилаи таҷриба ва мусоидат ба рушди иқтидори миллӣ дар самти амнияти ҳастаӣ иброз намуданд. Таъкид гардид, ки чорабиниҳои оммавии сатҳи баланд тақозо менамоянд, ки механизмҳои пешгирикунанда, арзёбии таҳдидҳо, истифодаи таҷҳизоти муосири ошкорсозии радиатсионӣ ва нақшаҳои ҳамоҳангшудаи вокуниш дар сатҳи зарурӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






