Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад

Июль 16, 2026 15:28

ДУШАНБЕ, 16.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 31 август дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт ва ноҳияҳои он намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ ҳамасола дар чор ноҳияи пойтахт доир шуда, дар он корхонаю коргоҳҳои дӯзандагии мамлакат дӯхти либоси мактабиро дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, пешниҳод менамоянд.

Хариди либосҳои ягонаи мактабӣ аз корхонаҳои саноатии ҳудуди шаҳри Душанбе ба рушди саноати пойтахт, таъсиси ҷойи нави кор ва ба ин васила беҳтар гардидани шароити кору зиндагии мутахассисони ин корхонаҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Масъалаи таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ муҳим арзёбӣ гардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат бо назардошти имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинигардида ҳамеша масъулин ва роҳбарони корхонаҳои дӯзандагиро вазифадор менамоянд, ки истеҳсоли чунин либосҳоро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, хонандагонро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.

Ба иттилои масъулин, дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ барои пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон пурра бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин гарданд.

Бояд гуфт, ки соли 2007 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» ба тасвиб расида, ба  тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳод гардид. Дастурамали мазкур намудҳои тавсиявии либосҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумиро чунин муайян менамояд:

-Пӯшидани либосҳои тавсиявӣ баробарии хонандагонро дар муассиса таъмин намуда, ин либосҳо бояд аз матоъҳои пахтагину пашмӣ ва абрешим омода карда шаванд. Барои ба саломатии кӯдакон таъсири манфӣ нарасонидан аз истифодаи матоъҳои сунъӣ (синтетикӣ) худдорӣ карда мешавад.

-Ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва тоқӣ дар дарс нишастан иҷозат дода мешавад. Ҳамаи хонандагон ҳангоми ба дарс омадан бо худ сумка, портфел ё худ ҷузвдон мегиранд.

-Ҳангоми сард будани синфхонаҳо дар дарс ба хонандагон бо либоси гарми зимистона (камзӯлча, палто, жемпер ва куртка) нишастан тавсия дода мешавад.

-Инчунин ба духтарон пӯшидани домани сиёҳ ё ҷигарии аз зону поёни пахтагин, куртаи беостин ва остиндароз, костюми сиёҳ ва ҷигарӣ, куртаи сафед, колготкаи сафед ва ё ҷӯроби сафед, куртаҳои якранг ва арзони миллии пахтагин, рӯймоли миллие (ихтиёрӣ), ки бо ранги либоси дар тан доштаи духтарон мувофиқат намояд, тавсия дода мешавад.

Ба писарон шиму костюми сиёҳ, сурхи ҷигарӣ бо куртаи сафед ва ё кабуди осмонӣ, инчунин пойафзоли якранг мувофиқ ба сарулибос тавсия дода мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 16, 2026 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд