Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи «Низомиддин Алишери Навоӣ» Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав дар фазои идона бо пешниҳоди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат баргузор гардид, итилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи фарҳангӣ масъулони сохторҳои давлатӣ, меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуда, бо дастовардҳои ин ноҳияҳо, ки ба он давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳиб шудаанд, шинос гардида, аз фазои таҷлили он изҳори хушнудӣ карданд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаю созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияҳои дурдасти мамлакат марҳила ба марҳила дар роҳи роҳи рушду пешрафт қадамҳои устувор мегузоранд.
Меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияҳо аз наздик шинос шуданд. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.
Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳо бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, ҳунармандон анвои гуногуни маҳсулот ва маҳсули дастранҷашонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.
Дар намоиш маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили гӯшт, помидор, картошка, пиёз, бодиринг, зардолу, тухм, тарбуз, харбуза, асал, себ, шафтолу, олуболу ва ғайра бо нархи арзон нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуд, ки сокинони пойтахт аз онҳо бо табъи болида хариданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ 269 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 100,7 фоизи иҷрои нақшаро дар бар мегирад.
Ноҳияи Дӯстӣ яке аз минтақаҳои муҳими аграрӣ ба ҳисоб рафта, кишоварзони он на танҳо дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, балки дар содирот намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи ҷумҳурӣ саҳми назаррас доранд.
Ноҳияи Носири Хусрав соли 1996 таъсис ёфта, аз се ҷамоати шаҳраку деҳот иборат аст ва зиёда аз 50 ҳазор аҳолӣ дорад. Иқлими ноҳия ба парвариши пахта хеле мусоид буда, кишоварзон бо истифода аз имконоти мавҷуда ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.
Дар ноҳия маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол гардида, ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.
Дар ҳудуди ноҳия 32 ёдгории таърихии мансуб ба давраҳои гуногун мавҷуд мебошанд, ки яке аз онҳо зиёратгоҳ — осоишгоҳи Чилучорчашма мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»


























































Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






