Дар Душанбе татбиқи технологияҳои муосир бо ширкати Чин баррасӣ шуд

Июль 1, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 01.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, табодули таҷриба, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва татбиқи технологияҳои муосир дар мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Директори генералии ширкати «Nongfu Puzi Development Group»-и  Ҷумҳурии Мардумии Чин Юан Даохун дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки дар асоси созишномаи ҳамкорӣ аз моҳи сентябри соли равон магистрантон барои таҳсил аз рӯйи барномаи муштарак ба Донишгоҳи нақлиёти Сиан ҷалб мегарданд. Тибқи ин барнома, донишҷӯён як соли таҳсилро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як соли дигарро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин идома хоҳанд дод.

Ҳамзамон иброз шуд, ки ҳамасола шумораи зиёди олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии Чин ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи лоиҳаҳои муштарак бо олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмию таҳқиқотӣ ва мубодилаи таҷрибаро ба роҳ мемонанд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самтҳои зеҳни сунъӣ, биотехнология ва дигар самтҳои афзалиятноки илм низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таҳсилоти олии Чин, бахусус дар самти татбиқ ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ, ба олимону мутахассисони Тоҷикистон интиқол дода шуда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисос барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқотӣ ба роҳ монда шаванд.

Ҳамчунин мусоҳибон барои густариши ҳамкории минбаъда ва таҳияи созишномаҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои илму технология, инноватсия, зеҳни сунъӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос ба мувофиқа расиданд.

Ҳамсуҳбатон омодагии худро барои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд иброз намуда, таъкид карданд, ки татбиқи тавофуқҳои бадастомада ба рушди робитаҳои илмӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 1, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»