Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавии электроникаи квантӣ ба истифода дода шуд

Июль 20, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи наву замонавии электроникаи квантӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, озмоишгоҳ барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар самти технологияҳои квантӣ, электроникаи муосир, системаҳои иттилоотӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки илмӣ имконияти нав фароҳам меорад.

Самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ омӯзиши маводи перовскитӣ, фотокатализаторҳо ва фосфорҳо мебошанд, ки имрӯз яке аз самтҳои босуръат рушдёбандаи илм ва технология ба ҳисоб мераванд. Ин мавод дар рушди энергетикаи офтобӣ, оптоэлектроника, сенсорҳои муосир, системаҳои рӯшноидиҳӣ ва дастгоҳҳои электронии насли нав нақши муҳим доранд.

Дар озмоишгоҳ аз таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ, аз ҷумла печҳои ҳарорати баланд барои синтези мавод, омехтакунандаҳои магнитӣ (Magnetic Stirrer), ваннаҳои ултрасадоӣ (Ultrasonic Cleaner),  тарозуҳои электронии дақиқ, хушккунакҳои лабораторӣ, манбаъҳои қувваи барқ, рН-метр, асбобҳои ченкунии параметрҳои электрикӣ ва таҷҳизоти асосии тайёр кардани намунаҳо истифода бурда мешавад. Ин таҷҳизот имконият медиҳанд, ки равандҳои синтез бо дақиқии баланд идора шуда, намунаҳои дорои сифати беҳтар барои таҳқиқот омода гарданд.

Дар баробари корҳои таҷрибавӣ дар озмоишгоҳ ба таҳқиқоти назариявӣ низ аҳамияти махсус дода мешавад. Барои омӯзиши сохтори электронӣ, хосиятҳои оптикӣ ва физикии мавод аз усулҳои моделсозии компютерӣ ва ҳисоббарориҳои квантӣ истифода бурда мешавад. Тадқиқоте, ки дар озмоишгоҳ анҷом дода мешаванд, ба ҳалли масъалаҳои муҳими илмӣ ва амалӣ, аз ҷумла рушди маводи нави перовскитӣ барои энергетикаи офтобӣ, таҳияи фотокатализаторҳои самаранок барои тозакунии об ва муҳити зист, инчунин офаридани фосфорҳои дорои самаранокии баланди люминессенсия барои технологияҳои рӯшноидиҳӣ равона шудаанд. Дар оянда чунин озмоишгоҳ метавонад ба маркази муҳими илмӣ табдил ёфта, дар рушди технологияҳои баланд, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ва пешрафти илм дар мамлакат саҳми арзанда гузорад.

Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ таъкид гардид, ки пеш аз таъсиси озмоишгоҳ имконияти гузаронидани корҳои илмӣ маҳдуд буд. Қисми зиёди таҷрибаҳо бо таҷҳизоти одӣ анҷом дода мешуданд ва барои муайян намудани хусусияти мавод ё таҳлили натиҷаҳо муҳаққиқон маҷбур буданд аз маълумоти назариявӣ истифода баранд ё намунаҳоро барои таҳлил ба дигар марказҳои илмӣ фиристанд. Бо таъсиси озмоишгоҳ ва фароҳам гардидани шароити мусоид имрӯз имконият пайдо шудааст, ки синтези мавод, омодасозии намунаҳо ва қисми зиёди таҳқиқоти таҷрибавӣ дар дохили озмоишгоҳ анҷом дода шавад.

15 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иттилоъ дод, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои олимону муҳаққиқон  9 озмоишгоҳи муассисаҳои илмӣ навсозӣ ва бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Аз ҷумла, 1 озмоишгоҳи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, 1 озмоишгоҳи филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар Суғд, 1 озмоишгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, 2 озмоишгоҳи Институти химия ба номи В.И.Никитин, 1 озмоишгоҳи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловский ва 3 озмоишгоҳи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ навсозӣ мегарданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 20, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад