Дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон барои омӯзиши гуногунии микробӣ намунаҳои хок ҷамъоварӣ карда шуданд

Июль 27, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 27.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 20 июл кормандони озмоишгоҳи бехатарии биологии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон ва Ховалинг намунаҳои хокро ҷамъоварӣ намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, экспедитсия дар доираи татбиқи лоиҳаи панҷсолаи озмоишгоҳ таҳти унвони «Гуногунии микробӣ ва арзёбии бехатарии микробиомаи хокҳои Тоҷикистон» гузаронида шуд. Ҳадафи асосии он омӯзиши гуногунии микробии хок, муайян намудани таркиби элементҳои химиявии он ва арзёбии бехатарии микробиомаи хокҳои минтақаи ҷанубии Тоҷикистон мебошад.

Натиҷаҳои ин таҳқиқот барои рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ дар самти бехатарии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии ҷумҳурӣ аҳамияти муҳим доранд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 27, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад