Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дастовардҳои шаҳр муаррифӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Дар ин рӯз оид ба дастовардҳои шаҳр дар 35 соли соҳибистиқлолӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт маълумоти муфассал пешниҳод гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ин рӯз намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши дастовардҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣ, инчунин намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти истеҳсолии маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Нахуст меҳмонон ва иштирокдорон аз гӯшаҳои намоишгоҳ боздид намуда, бо дастовардҳои иқтисодию фарҳангии шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имконияти иқтисодӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорон манзури меҳмонон гардида, бо суруду таронаҳои дилнишин, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Шаҳри Хуҷанд маркази сиёсӣ-маъмурии вилояти Суғд аст. Он аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ шаҳри дуюми Тоҷикистон мебошад. Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна буда, ҳамчун маркази тиҷорат дониста мешавад. Зеро аз инҷо «Роҳи бузурги абрешим» мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард. Таърихшиносони қадим Хуҷандро «Тирози ҷаҳон» ё «Арӯси даҳр» номида, аз мардуми бофарҳанги он ёдовар шудаанд.
Шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо осори таърихию қадимӣ диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намуда, ҳамчун шаҳри қадимии дорои имконоти бузург машҳур аст. Бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани гардишгарон ба маконҳои зебои он ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр 11 муассисаи сайёҳӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 1015 иншоот бунёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз 6 июни соли равон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мегардад.






































Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






