Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад. Дар ин хусус ба намояндагони расонаҳои хабарӣ Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки «Маҷмааи бостонии Бибихонум» бо фарогирии ёдгориҳои бостонии Хоҷа Машҳад, Қалъаи Бешкент, Мақбараи Зайналобиддин, инчунин ёдгориҳои бостонии силсилаҷоизаи Хутали қадим, воқеъ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон таъсис дода мешавад.
Бибихонум яке аз занҳои фаъоли давраи асримиёнагии халқи тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар эҳё намудани «Маҷмаи бостонии Бибхонум» бо ҷалби дигар ёдгориҳои таърихию фарҳангии минтақа, ба муаррифии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳифз, омӯзиш ва таҳқиқи онҳо мусоидат хоҳад намуд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Бохтар соли 1999 Осорхонаи шаҳрии «Бибихонум» ифтитоҳ гардида буд, ки ин он дар маркази шаҳр дар бинои мудаввар бо бурҷе дар теппаи қалъаи қадим ҷойгир аст. Дар осорхона беш аз 700 экспонатҳо, аз ҷумла, маҷмуи либосу пироҳанҳои анъанавии тоҷикӣ, инчунин намуди гуногуни гулдӯзиҳо ва ашёи рӯзгори аз сафол сохташудаи марбут ба асрҳои 19 ва 20 гирд оварда шудаанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






