Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имрӯз дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Темурмалик баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Рӯзи фарҳангӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, доир гардид.
Дар даромадгоҳи боғ аз ҷониби бахши кишоварзии ноҳия намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт гардонида шуд. Дар он аз ҷониби деҳқонони ноҳия беҳтарин намунаи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ ва дигар навъи маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ намоиш дода шуд.
Дар баробари фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчунин дар саҳни боғ намоиши намунаи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ: нон ва кулчаҳои гуногун, пухтупазҳои хонагӣ, кулчақандҳо, гулдӯзиҳо, шерозаҳо, сандуқҳо ва гаҳвораҳо баргузор гардид. Дар намоиши мазкур варзишгарони ноҳия ба сокинону меҳмонон оид ба дастовардҳои соҳаи варзиши ноҳия маълумот пешниҳод намуданд.
Ноҳияи Темурмалик аз лиҳози инфрасохтор барои қабули сайёҳон омода мебошад. Роҳҳои дохилии ноҳия пайваста таъмиру тармим гашта, хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш барои дохил ва беруни ноҳия дар сатҳи зарурӣ ва арзон таъмин аст. Дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 1 маркази саломатӣ, 1 осоишгоҳи «Оби шифо», 1 шифохонаи солимгардонии «Нигора» ҷавобгӯ ба тамоми стандартҳои ҷаҳонӣ, 1 стансияи беҳдошт, 3 беморхонаи қитъавӣ, 25 бунгоҳи маркази саломатӣ, осорхонаи ба номи Бобоюнус, бозору мағозаҳо ва ғайра мавҷуд мебошанд.
Имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия касбу ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили бофандагӣ, ресандагӣ, чармгарӣ, пойафзолдузӣ, оҳангарӣ, гулпартоӣ, дар гилему намад, сӯзанидӯзӣ, косаю табақтарошӣ, зину лаҷом сохтан, заргарӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, дару тирезасозӣ, биносозӣ, кандакории чӯб ва дигар ҳунарҳо хеле хуб ривоҷ ёфтаанд. Ғайр аз ин занони ҳунарманди ноҳияи Темурмалик намудҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав, оши тупа, оши бурида, қурутоб, манту, ширбат, шӯрбо, ширбиринҷ, ширруған, шакароб, умоч, нашоиста, қалама, таҳмол ва ғайраҳоро бо маҳорати баланд омода карда метавонанд.
Табиати ноҳияи Темурмалик аз гулу гиёҳҳои нодиру камёфт, ки дар дигар гӯшаҳои дунё ба назар намерасанд, бой мебошад. Ба унвони мисол, аз 3000 намуд гулу гиёҳе, ки мардуми ин ноҳия медонанд, танҳо 100 намуди онҳоро дар илм шиносоӣ кардаанд ва боқимондааш ба пажӯҳиш ниёз дорад. Аз хӯрокҳо таҳмол аслан хоси мардуми ин ноҳия мебошад, ки дар болои товаи сангин пухта шуда, таъми лазизу дилкаш дорад.
АКС: Тоҳирҷон САИДЗОДА/АМИТ «Ховар»
















































Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






