Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Академияи миллии илмҳо нишасти матбуотӣ соати 08:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи миллӣ соати 09:00 баргузор мешавад.
Дар Кумитаи кор бо занон ва оила нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 11:00 баргузор мешавад.
Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш нишасти матбуотӣ соати 14:00 доир мегардад.
Нишасти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур соати 09:00 ва ноҳияи Фирдавсӣ соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо баргузор мегарданд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






