Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалии «Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда» баргузор шуд

Июль 2, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 02.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалии «Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда» бо иштироки доираи васеи олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва шарикони рушд баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода  иброз дошт, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетика, бахусус истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.

«Тоҷикистон имрӯз ҳамчун яке аз давлатҳои пешсаф дар истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар минтақа шинохта шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва рушди технологияҳои муосир дар ин самт барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад»,-афзуд Усмоналӣ Усмонзода.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ҳамзамон соҳиби имкониятҳои васеи истифодаи энергияи офтоб, бод, биомасса ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад. Дар чунин шароит нақши илм ва навовариҳои илмӣ дар татбиқи ин иқтидор боз ҳам муҳимтар мегардад.

Таъкид гардид, ки Академияи миллии илмҳо ҳамчун маркази асосии илмии ҷумҳурӣ дар тӯли солҳои истиқлолият дар рушди илми энергетикаи барқароршаванда саҳми назаррас гузоштааст. Олимони академия таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ оид ба арзёбии иқтидори офтобӣ ва бодии мамлакат, омӯзиши хусусиятҳои иқлимии минтақаҳои баландкӯҳ, таҳияи технологияҳои баланд бардоштани самаранокии системаҳои офтобӣ ва мутобиқсозии онҳо ба шароити Тоҷикистон анҷом додаанд.


Гуфта шуд, ки мутахассисони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти химия ва дигар муассисаҳои илмии академия дар самтҳои фотоэнергетика, энергетикаи бодӣ, системаҳои гибридии таъмини неруи барқ, технологияҳои нигоҳдории энергия, рақамикунонии низоми энергетикӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ барои пешгӯии истеҳсоли неруи барқ таҳқиқоти муҳим анҷом медиҳанд. Натиҷаҳои ин корҳои илмӣ имрӯз барои таҳияи барномаҳои давлатӣ ва амалисозии лоиҳаҳои энергетикӣ заминаи боэътимоди илмӣ фароҳам меоранд.

Олимони академия нахустин шуда дар ҷумҳурӣ таҳқиқоти комплексиро оид ба арзёбии иқтидори техникӣ ва иқтисодии истифодаи бомҳои биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ барои истеҳсоли неруи барқи офтобӣ анҷом додаанд.

Дар конфронс муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Маҳмадзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф таъкид намуданд, ки рушди энергетикаи барқароршаванда имрӯз ба яке аз самтҳои калидии ҳамкории байналмилалӣ ва омили муҳими таъмини рушди устувор табдил ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва имкониятҳои васеи истифодаи манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ дорои иқтидори бузург барои рушди «энергияи сабз» мебошад. Дар ин замина, густариши ҳамкории илмӣ, татбиқи технологияҳои муосир, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикӣ аҳамияти махсус дорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 2, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд
Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар Конфронси генералии АБНА таҷрибаи Тоҷикистон доир ба барқарорсозии иншооти мероси уранӣ муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба 115–солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ гардид
Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ иштирок доранд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
Дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо якумин Бонки генетикии растаниҳо ба фаъолият оғоз кард