«МӮҚАЛАМЕ, КИ ТАЪРИХРО ТАҶАССУМ НАМУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Ашур Ҳайдаров ифтитоҳ ёфт

Июль 19, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110-солагии Рассоми халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Мӯқаламе, ки таърихро таҷассум намудааст» намоиши осори ин устоди барҷаста ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни ифтитоҳи намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода иброз намуд, ки ҳадаф аз ташкили намоиш бузургдошти яке аз устодони беназири санъати тасвирии миллии тоҷик, арҷгузорӣ ба осори мондагори мусаввир ва муаррифии мактаби классикии рассомӣ мебошад.

Инчунин аҳли фарҳанг доир ба осори пурмуҳтаво ва саҳми назарраси Ашур Ҳайдаров дар рушду нумӯи мактаби санъати рассомии классикии тоҷик сухан гуфтанд.

Дар намоиш аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллӣ зиёда аз 33 асари беназире, ки аз ҷониби устод чирадастона офарида шуда, тобиш ва таносуби рангҳо, олами ботинии қаҳрамонон ва табиати зебои Тоҷикистонро инъикос менамоянд, пешкаши тамошобинон гардонида шуданд. Ба қатори асарҳои машҳури таърихӣ, ки ба намоиш гузошта шудаанд, шоҳкориҳои «Рӯдакӣ дар байни ҳамдиёрон», «Мушфиқӣ дар Бухоро», «Вохӯрии Абӯалӣ ибни Сино бо олимони Ҳамадон», «Регистони Самарқанд», «Симои арӯс», «Озодшавӣ аз зиндон», «Фаранҷипартоӣ», «Афтодани Аморат» ва «Ҳуҷум» дохил мебошанд.

Ҳамзамон дар намоиш зиёда аз 40 асар қаламкашӣ (графика)-и Ашур Ҳайдаров аз коллексияи шахсии хонаводагӣ, ки аз ҷониби фарзанди мусаввир Мавлуда Ҳайдарова ба муассиса оварда шудаанд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шуд.

Ашур Ҳайдаров (1916–1998) 14 июли соли 1916 дар Самарқанд таваллуд шуда, соли 1938 омӯзишгоҳи рассомии он ҷоро хатм намудааст. Рассом иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) буда, аз соли 1955 дар шаҳри Душанбе дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» фаъолият намудааст. Соли 1956 рассоми Фонди бадеии Тоҷикистон ва иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъат дар шаҳри Москва будааст. Соли 1958 аъзои Иттифоқи рассомони ИҶШС гардидааст. Устод барои хизматҳои шоистааш соли 1990 бо унвони «Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон» ва соли 1991 бо унвони фахрии «Рассоми халқии Тоҷикистон» мушарраф гаштааст. Осори рассомро дар сатҳи байналмилалӣ эътироф намудаанд ва он имрӯз дар осорхонаҳои Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва ганҷинаҳои миллии Тоҷикистон ҳамчун мероси гаронбаҳо ҳифз карда мешавад.

Намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Ашур Ҳайдаров то 4 август идома меёбад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 19, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд