Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид

Июль 10, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 10.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори иҷлосия муовини якум ва муовинони Раис, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории он, роҳбарони корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб карда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Нахуст оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои №32 ва 47, гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот шунида шуд.

Сипас рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳавӣ ва дигар сохторҳои дахлдор барои беҳтар намудани низоми логистика дар шаҳри Душанбе ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси марказҳои агрологистикиву марказҳои тақсимоти яклӯхт ва таъсиси маркази нақлиётию логистикии байналмилалии «Душанбе» дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вакилон дар идома, татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар шаҳри Душанбе ва рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе — сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки вобаста ба иҷрои босифати Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорӣ, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, терроризм, экстремизм ва дигар омилҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.

Сипас вакилон ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро муҳокима намуда, дар ин хусус гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур, Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва масъулони дигар сохторҳои дахлдорро супориш доданд, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншиканиҳо дар мавриди бунёди биноҳои баландошёна ва манзилҳои истиқоматии шахсӣ, берун аз лоиҳаи тасдиқшуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ, бунёди ошёнаи иловагӣ ва сохтмони худсарона чораҳои қатъӣ андешанд.

Инчунин таъкид гардид, ки ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ ва сохта ба истифода додани иншооти ҷашнӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёду азнавсозии босифати роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инъикос ва тарғиби корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт, дастовардҳои замони истиқлол, баланд бардоштани ғояҳои ватандӯстию ватанпарастӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, одоби шаҳрнишинӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба масъулин дастурҳо доданд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки ҷиҳати назорати ҳолати санитарию эпидемиологии ошхонаю тарабхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши хӯроки умум, танзими болоравии нархҳои баъзе аз маҳсулотҳои ниёзи аввалия ва тақвият бахшидани низоми хизматрасонии ғайринақдӣ дар соҳаи савдою хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳаи нақлиёт дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор барои фаъолияти дурусти ширкатҳои мусофиркашонии таксӣ, масъалаи аз байн бурдани маблағи 100 сомонаро омӯхта, дар муҳлати кутоҳ аз рӯи усулҳои наву муосир таклиф пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин барои дуруст танзим намудани хизматрасонии нақлиётӣ, нигоҳдории ҳолати техникӣ, риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, санҷиши ҷиддии ҳолати руҳию равонии ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, тозаю озода нигоҳ доштани воситаи нақлиёти мусофиркашонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини самти саноат ва энергетика супориш доданд, ки ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли муҳимтарин маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла истеҳсоли сару либоси мактабӣ чораҳои тахирнопазир андешанд.


Дар рафти иҷлосия ҳамчунин таъкид гардид, ки барои анҷом додани корҳои ободонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани боғҳо, гулгаштҳои шаҳр ва нигоҳубини дурусти дарахтон чораҳои саривақтӣ андешида шавад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзии ҳудуди шаҳри Душанбе ва аз як замин гирифтани ду ё се ҳосил бо хоҷагидорон корҳо тақвият бахшида шаванд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва амнияти сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи ҷашну идҳои дарпешистода вобаста ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин пешгирии содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо байни ҳама қишри ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонону ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва аз байн бурдани фарҳанги бегона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаи кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, бо таманнои хизмати содиқонаву софдилона баҳри рушду пешрафти пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, ба онҳо саодатмандиву бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешравию шукуфоиро таманно намуданд.

Бо ҳамин иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум кори худро анҷом дод.

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июль 10, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд