Мақолаи илмии олимони тоҷик дар яке аз маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба чоп расид
ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мақолаи илмии олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Таҳлили омории сохтори шуғли аҳолӣ аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Statistical Analysis of the Structure of Population Employment by Type of Economic Activity in the RT) дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии Regional Science and Environmental Economics, ки аз ҷониби нашриёти байналмилалии MDPI ба табъ мерасад, ба нашр расид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар мақола масъалаҳои таҳлили сохтори шуғли аҳолӣ аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиши амиқи оморӣ қарор гирифта, тағйироти сохтории иқтисоди миллӣ дар давраи солҳои 2011-2022 баррасӣ шудаанд. Дар асоси маълумоти расмии оморӣ, тамоюлҳои асосии бозори меҳнат, тағйироти таркибии шуғли аҳолӣ, нақши соҳаҳои иқтисодӣ дар таъмини шуғл ва равандҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат таҳлил гардидаанд.
Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки бахши кишоварзӣ то ҳол яке аз самтҳои асосии шуғли аҳолӣ боқӣ монда, ҳамзамон ҳиссаи соҳаҳои хизматрасонӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ тадриҷан афзоиш ёфтааст. Ин равандҳо аз тағйироти мусбати сохтории иқтисодиёти миллӣ ва мутобиқшавии бозори меҳнат ба талаботи нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд.
Ба нашр расидани чунин мақола дар маҷаллаи байналмилалии сатҳи баланд бозгӯи афзоиши нуфузи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти ҳамгироии олимони мамлакат бо ҷомеаи илмии ҷаҳон ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи давлат дар самти рушди илму инноватсия мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи дурнамои ҳамкории муассисаҳои илмии Тоҷикистону Русия баррасӣ гардид
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд






