НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли 2026 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 970,1 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 85,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Дилшод Сафарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дилшод Сафарзода иброз намуд, ки нишондиҳандаи мазкур аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар бахшҳои коркард, дӯзандагӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмон ва корхонаҳои миёнаҳаҷм ба амал омадааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия соли 2026 10 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба қайд гирифта шуда, беш аз 67 ҷойи кор таъсис ёфтааст.
Ҳамчунин иброз гардид, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия дар шаш моҳи соли 2026 ба 10,4 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 2,6 миллион доллар зиёд мебошад.
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сохтмони 109 бинои баландошёна, 9 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, сохтмони 7 муассисаи томактабӣ, бунёду навсозии 29 корхонаи саноатӣ ва бунёди 5 гулгашт дар назар аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






