НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе то имрӯз беш аз 3700 хизматрасонии давлатӣ пурра ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар доираи татбиқи барномаи электронии «Пардохти ҳушманд» то ин муддат 308 сохтори корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, вазорату идораҳо ва 18 бонки мамлакат ба барномаи мазкур пайваст гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳо дар доираи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», ки татбиқи он аз 6 марҳила иборат мебошад, дар айни замон дар 2 марҳила, аз ҷумла дар марҳилаи харитасозӣ ва тарҳрезии система пурра ба анҷом расидаанд. Корҳо дар марҳилаҳои боқимонда тибқи нақша идома доранд.
Бахтиёр Шарифӣ иброз намуд, ки шаҳри Душанбе бо татбиқи босамари барномаю нақшаҳои рушди иқтисодию рақамӣ, амалӣ намудани қарорҳои ҳушманду зеҳнӣ ва густариши технологияҳои баланд ба марҳилаи нав ва муассири идоракунии шаҳрӣ қадам гузоштааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар доираи лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» татбиқи беш аз 20 лоиҳаи гуногуни ҳушманд амалӣ гардидааст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






