НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид

Июль 6, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 06.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз дастовардҳои муҳими нимсолаи якуми соли равон муваффақияти байналмилалии филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» мебошад, ки дар Фестивали байналмилалии синамои экологии «Astana Eco Film Festival – 2026» сазовори ҷоизаи «Best Impact Storytelling Award» гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар нишасти матбуотӣ изҳор гардид, ки филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, коргардони он Усмон Юсуфов мебошад.

«Филми мазкур дар бораи зебоиҳои нотакрори табиати Тоҷикистон ва ҳифзи бабри барфӣ нақл мекунад. Ҳайати ҳакамон ва бинандагони байналмилалӣ ба мазмуни амиқи экологӣ, сифати баланди наворбардорӣ ва паёми муҳими филм дар роҳи ҳифзи муҳити зист баҳои баланд доданд», — гуфта шуд дар нишаст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид