Олимони тоҷик дар Минск дар Конгресси байналмилалӣ оид ба биология ва экология иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 31.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии олимони ҷавон оид ба биология ва экология дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус иштирок доранд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, Конгресси байналмилалӣ 26 июл оғоз гардида, то 31 июл идома меёбад. Муовини директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ Самариддин Баротов дар бахши пленарӣ дар мавзуи «Маълумоти паспорти генетикии зироати кишоварзӣ (DSI) дар мисоли Тоҷикистон» маърузаи илмӣ намуд. Ин дастоварди олимони тоҷик мавриди муҳокимаи васеи мутахассисони соҳаи генетика қарор гирифта, барои татбиқи ин дастовард дар истеҳсолот тавсияҳои муфид пешниҳод шуданд.
Дар бахшҳои гуногуни конгресс кормандони институт дар мавзуъҳои «Миқдори пигментҳои фотосинтетикӣ дар растании пахта ҳангоми кишти чигитҳои бо хокаи бетонит капсулашуда», «Микробиомаи хок – сарчашмаи муҳими ҳосилхезии хок дар системаи хок – микроорганизм – растанӣ» ва ғайра маърузаи илмӣ намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд






