Озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика ба истифода дода шуд

Июль 4, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 04.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи растаниҳои шифобахш ва фарматсевтика мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, фаъолияти озмоишгоҳ ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи растаниҳои шифобахши ватанӣ, омӯзиши таркиби химиявӣ ва хосиятҳои биологии онҳо, инчунин таҳияи технологияҳои муосири истеҳсоли маводи доруворӣ ва маҳсулоти фарматсевтӣ равона шудааст.

Самтҳои асосии фаъолияти озмоишгоҳ фармакодиагностика, фармахимия, фитохимия, ботаника ва парвариши гиёҳҳои шифобахшро дар бар гирифта, таҳқиқот дар ин самтҳо бо такя ба дастовардҳои тибби муосир ва мероси гаронбаҳои илмиву тиббии Абуалӣ ибни Сино ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи асосӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи захираҳои табиии дорувории мамлакат ва таҳияи маҳсулоти рақобатпазири фарматсевтӣ мебошад.

Ҳамзамон дар озмоишгоҳ татбиқи тадриҷии дастовардҳои илмӣ аз назария ба амалия тавассути омӯзиш ва истифодаи нусхаҳои гиёҳӣ дар асоси принсипҳои мизоҷфармакология, мизоҷдиагностика ва мизоҷтерапия ба роҳ монда шудааст. Ин раванд ба сиёсати давлатӣ дар самти рушди илм, тандурустӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, барои истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ мусоидат менамояд.

Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ таъкид гардид, ки муҳайё намудани шароити мусоиди корӣ барои олимону муҳаққиқон, таъсиси озмоишгоҳҳои нав ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо асбобу таҷҳизот ва технологияҳои муосир аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати илмии давлат буда, дар партави дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Тайи ду соли охир бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллат ва бо ибтикори Академияи миллии илмҳо дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии академия 54 озмоишгоҳи нави замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ҳамаи ин озмоишгоҳҳо бо техника, таҷҳизот ва технологияҳои муосири илмӣ муҷаҳҳаз гардида, барои анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва густариши ҳамкории илмӣ бо марказҳои илмии ватаниву хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 4, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии Институти хокшиносӣ боздид намуд
Дар Душанбе бахшида ба 111-солагии ховаршинос Ирҷи Бечка конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд