Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд

Июль 11, 2026 23:00

ДУШАНБЕ, 11.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва бо иштироки васеи сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоишгоҳ фарогири маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва намунаҳои фарҳанги ғании ноҳияи Мастчоҳ буда, диққати меҳмононро ҷалб намуд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода зимни ифтитоҳи Рӯзи фарҳангӣ иброз дошт, ки дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсули сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имкониятҳо ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Мавсуф аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди минтақаҳои маилакат ёдовар шуда, изҳор дошт, ки мардуми ноҳияи Мастчоҳ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дар татбиқи сиёсати созандаи давлату Ҳукумат саҳми арзандаи худро мегузоранд.Рӯзҳои фарҳангӣ ҳамчун таҷассумгари дӯстиву ҳамдилӣ, муаррифгари фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мамлакат мебошад.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дар шаҳри Душанбе барои муаррифии дастовардҳо, имконоти иқтисодӣ ва фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба сокинон ва меҳмонони пойтахт сатҳу сифат ва тарҳи намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ писанд омад.  Инчунин сокинони пойтахт аз намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дастранҷи деҳқонони ноҳияро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ бо иштироки ҳунармандон ва санъаткорони ноҳия барномаи бошукуҳи фарҳангӣ манзури меҳмонон гардид. Суруду таронаҳои дилнишин, рақсу оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2026 23:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд