Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид

Июль 19, 2026 23:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант дар фазои идона баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Рӯзи фарҳанги шаҳри Левакант чун дигар ноҳияҳои мамлакат бо намоиши  маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷот, сабзавот, маҳсулоти саноатӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид. Инчунин ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ ва дигар маҳсулоти дастӣ, дар гӯшаҳои гуногуни боғ намунаҳои таомҳои миллии хоси ноҳия пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Ҳар маҳсулот дар растаҳо бо маҳорати хос оро ёфта буд. Ин намоиши фарҳангӣ бори дигар ҳамбастагӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумии сокинони ноҳияи Левакантро ба намоиш гузошт.  Дар идома бо иштироки ҳунармандону устодони санъат шоми фарҳангӣ доир гардид.

Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо  тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, моҳҳои июн-августи соли равон тибқи нақшаи алоҳида гузаронида мешаванд.

Шаҳри Левакант (собиқ шаҳри Сарбанд) зодаи даврони истиқлолият мебошад. Левакант асосан шаҳри саноатӣ буда, шумораи корхонаҳои саноатии он имрӯз беш аз 29 ададро ташкил медиҳад. Дар шаҳр барои сайёҳон тамоми шароити хизматрасонии маишӣ мавҷуд аст. Шаҳри Левакант ҳамчунин таъминкунандаи неруи барқ буда, дорои силсиланеругоҳҳои барқии обии «Вахш», неругоҳи «Левакант» ва неругоҳи «Марказӣ» мебошад.

 

АКС: Тоҳирҷон САИДЗОДА/АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2026 23:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд