Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 31.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот аз равобит ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК изҳори хушнудӣ ва ба густариши боз ҳам бештари ҳамкорӣ эътимод карда шуд.
Таъкид гардид, ки ба имзо расидани Стратегияи шарикии кишварӣ барои солҳои 2026 – 2028 низ метавонад ба густариши бозҳам беҳтари ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фонд замина гузорад.
Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК аз соли 1998 оғоз шуда, байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК барои татбиқи 16 лоиҳа дар самтҳои роҳу нақлиёт, энеретика, маориф, тандурустӣ ва идораи захираҳои об 16 созишнома имзо шудааст, ки маблағи умумии он 181 миллион долларро ташкил менамояд.
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ Абдулҳамид Алхалифа сол аз сол тақвият ёфтани ҳамкории Фонд бо Тоҷикистонро натиҷаи сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароит барои сармоягузорӣ ва рушд бахшидани ҳамкории Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ арзёбӣ карда, барои тавсеаи ҳамкорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуд.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






