Дар Душанбе аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор баррасӣ гардид

Август 18, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 18.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 август муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо Коршиноси мустақили Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи таъсири қарзи хориҷӣ ва дигар уҳдадориҳои молиявии байналмилалии давлатҳо ба татбиқи ҳуқуқи инсон Аттия Варис мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои рушди устувор ва маблағгузории масъул табодули назар карданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти ҳамкории байналмилалиро барои таъмини рушди устувор, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ҳуқуқҳои он таъкид карданд. Дар ин замина муовини вазир омодагии Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкории созанда бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин самтҳо тасдиқ намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 18, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид