Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Умон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 август дар шаҳри Душанбе даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Умон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва муовини Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон оид ба корҳои сиёсӣ Шайх Халифа Ал-Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, маорифу фарҳанг ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои байналмилалию минтақавӣ ва таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор гардид.
Ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи муколамаи мунтазам ва татбиқи иқдомҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистону Умон таъкид намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






