Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 1 миллион китоби узбекӣ мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 17.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 август зимни сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода ба масъулини соҳаи маориф дастур доданд, ки барои аҳолии узбекзабон дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимии узбекӣ бунёд намуда, онҳоро бо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ бо забони модариашон таъмин намоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, миқдори нашри китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони узбекӣ агар соли 2002 1 номгӯй китоб ба миқдори 40 ҳазор нусхаро ташкил медод, дар айни замон ин шумора ба 71 номгӯй ба миқдори 1 миллиону 813 ҳазору 370 адад расидааст.
Инчунин аз оғози соли равон то ҳол аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 14 ҳазору 306 нусха китоби дарсӣ бо забони узбекӣ дастрас карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини дастрасии хонандагон ба муҳтавои ягонаи таълимӣ ва дар баробари ин бо инобати хусусияти забонии раванди таълим китобҳои дарсии фанҳои алоҳида, аз ҷумла китобҳое, ки дар онҳо ҷузъҳои муҳими таърихи давлату миллати тоҷик, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва маълумоти марбут ба Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, ба забони узбекӣ тарҷума ва барои истифода дар муассисаҳои таълимашон бо ин забон омода карда мешаванд.
Аз ҷумла, китобҳои дарсии фанҳои «Забони давлатӣ», «Таърихи халқи тоҷик», «География» ва дигар фанҳои таълимӣ барои синфҳои гуногун бо назардошти талаботи барномаҳои таълимӣ тарҷума гардидаанд. Ин тадбир ба фароҳам овардани шароити баробари таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими эҳсоси шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги Тоҷикистон дар байни хонандагони муассисаҳои таълимашон бо забони узбекӣ мусоидат менамояд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар анбори китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳоло 114 ҳазору 107 нусха китоби дарсӣ ва маводи таълимӣ бо забони узбекӣ мавҷуд аст.
Ёдовар мешавем, ки дар айни замон дар Тоҷикистон дар 299 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсил бо забони узбекӣ ба роҳ монда шудааст..
АКС аз манбаъҳои боз








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






